Дар бораи «Шӯроҳои Амрико» дар Тоҷикистон

Дар бораи «Шӯроҳои Амрико» дар Тоҷикистон

Пайваст кардани Тоҷикистон ва ҷаҳон тавассути таҳсил ва мубодила

Ташкилоти «Шӯроҳои Амрико оид ба таҳсилоти байналмилалӣ» аз соли 1994 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият карда, робитаҳои пойдорро байни одамон ва муассисаҳо дар Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳида ва берун аз он месозад. Аз дафтари худ дар шаҳри Душанбе, мо барномаҳои мубодилаи таълимӣ, забономӯзӣ, рушди касбӣ ва кор бо хатмкардагонро амалӣ менамоем, ки донишҷӯён, омӯзгорон, мутахассисон ва пешвоёни ҷавонро дар саросари кишвар фаро мегиранд.

«Шӯроҳои Амрико» дар тамоми Тоҷикистон,кишваре, ки имкониятҳои мубодилаи байналмилалӣ дар он метавонанд маҳдуд бошанд, фаъолияти густарида дорад. Вақте ки як мутахассиси тоҷик таҷрибаи байналмилалиро дар ҷои кори худ татбиқ мекунад, омӯзгори забони англисӣ усулҳои муосири таълимро истифода мебарад ё тадқиқотчие, ки дар соҳаи Осиёи Марказӣ кор мекунад, бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунад, эҳтимоли зиёд аст, ки онҳо аъзои ҷомеаи «Шӯроҳои Амрико» мебошанд.

Имрӯз дафтари мо дар Тоҷикистон дорои 15 нафар корманд, 8 барномаи фаъол ва ҷомеаи беш аз 2,500 хатмкарда мебошад. Тими мо бо шарикон дар саросари кишвар кор мебарад, то барои омӯзиш, роҳбарӣ, рушди касбӣ ва робитаҳои пурмазмуни байналмилалӣ имкониятҳо эҷод намояд.

Фаъолияти мо дар Тоҷикистон

«Шӯроҳои Амрико» дар Тоҷикистон портфели гуногуни барномаҳоро амалӣ мекунад, аз ҷумла FLEX Тоҷикистон, Барномаи хатмкардагони FLEX, C5+O.N.E. (Густариши робитаҳо тавассути забони англисӣ), Барномаи стипендиалии забонҳои муҳим (CLS) ва Барномаи минтақавии забонҳои евроосиёӣ (ERLP). Дар шарикӣ бо Сафорати ИМА, мо инчунин ташаббусҳои Бахши дипломатияи ҷамъиятиро, аз ҷумла Марказҳои манбаъҳои забони англисӣ (ERC) дар донишгоҳҳо ва Шабакаи хатмкардагони барномаҳои ИМА дар Тоҷикистон (USANT) идора менамоем.

Дафтари мо инчунин таърихи бой дар дастгирии таҳсили забонҳо ва омӯзиши байналмилалӣ дорад. Тавассути барномаҳои забономӯзии мо, донишҷӯён ва мутахассисон забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, дарии Афғонистон ва паштуро омӯхта, барои дарки амиқи забонӣ ва фарҳангӣ имкониятҳо эҷод намуданд. Дар давраи тобистон, донишҷӯёни амрикоӣ ва кормандони мавсимии барномаҳо тавассути барномаҳои пуршиддати забонӣ ва фарҳангӣ ба як қисми ҷомеаи пурҷӯшу хурӯши Душанбе табдил меёбанд.

Дафтари Душанбе инчунин тавассути машваратҳои EducationUSA дастрасиро ба имкониятҳои таҳсилоти олӣ дар Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ намуда, ба донишҷӯёни тоҷик дар фаҳмидани системаи таҳсилоти олии ИМА ва тай кардани раванди ҳуҷҷатсупорӣ ба коллеҷҳо ва донишгоҳҳои амрикоӣ кӯмак мерасонад.

Мероси имкониятҳо

Дар тӯли беш аз се даҳсола, «Шӯроҳои Амрико» дар Тоҷикистон доираи васеи барномаҳоро амалӣ ва дастгирӣ намудааст, аз ҷумла EducationUSA, TSSET, CPC, Discover America, USCAEF, TEA, Summer Camp America, Study With US, Open World, Community Connections, Muskie, UGRAD, JFDP ва бисёр дигарон.

Ин барномаҳо ба насли донишҷӯён, омӯзгорон, мутахассисон ва пешвоёни ҷомеаи тоҷик кӯмак карданд, ки малакаҳои нав пайдо кунанд, имкониятҳои таълимиро пеш баранд, шабакаҳои байналмилалӣ созанд ва дар рушди ҷомеаҳои худ саҳм гузоранд.

Дар бораи «Шӯроҳои Амрико»

«Шӯроҳои Амрико оид ба таҳсилоти байналмилалӣ», ки соли 1974 таъсис ёфтааст, як созмони ҷаҳонии ғайритиҷоратӣ мебошад, ки ба таҳсилоти байналмилалӣ ва мубодила бахшида шудааст. Барномаҳои он беш аз 90 кишварро фаро гирифта, иштирокчиёнро аз мактабҳои миёна то сатҳи донишгоҳӣ, баъдидипломӣ ва касбӣ ҷалб менамоянд. Дар саросари портфели ҷаҳонии худ, «Шӯроҳои Амрико» ҷомеаи беш аз 94,000 хатмкарда, аз ҷумла пешвоёни миллӣ, вазирон, аъзои парламент, сафирон ва роҳбарони тиҷоратро сохтааст.

  • Миссия: «Шӯроҳои Амрико» робитаҳои байналмилалӣ ва дарки мутақобиларо тавассути фаъолияти аъло дар мубодилаи академи, касбӣ ва фарҳангӣ, заминасозии забонӣ, рушди таълимӣ ва тадқиқот мустаҳкам менамояд.

  • Дурнамо (Vision): Тавонмандсозии шахсон ва муассисаҳо барои расидагӣ ба масъалаҳо дар ҷаҳони мутақобилан алоқаманд ва ҳамбаста.