American Space Vahdat Extension
American Space Vahdat Extension
American Space Vahdat Extension барои паноҳандагони афғон ва шаҳрвандони тоҷик таъсис ёфтааст, то ба онҳо дастрасӣ ба маориф фароҳам оварад ва ба ҷавонони афғон ва тоҷик имкон диҳад, ки муносибатҳои дӯстона барои зиндагии осоишта барқарор намуда, ғояҳо ва донишҳои худро мубодила кунанд. Ба рушди ҷавонон дар самтҳои гуногун тавассути ташкил намудани клубҳо ва барномаҳои гуногуни ройгон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
AS Vahdat- Extension моҳи октябри соли 2021 оғоз ёфта, барномаҳои гуногуни рушдиро барои ҷавонони афғон ва тоҷик амалӣ менамояд. Азбаски гушаи амрикоии шахри Душанбе каме дур ҷойгир аст ва ҷавонони Ваҳдат наметавонанд аз ҳамаи ин имкониятҳои рушд пурра истифода баранд, қарор қабул шуд, ки AS Vahdat - Extension таъсис дода шавад, то ҷавонон тавонанд ба барномаҳои мувофиқи омӯзиш ва рушд дастрасӣ пайдо кунанд. Давомнокии лоиҳа то моҳи октябри соли 2026 муайян шудааст. Дар бораи дароз намудани муҳлати лоиҳа маълумоти дақиқ нест.
Барои иштирок дар клубҳои мо, ҷавонони ҳавасманд бояд тавассути пур кардани шакли дархост ба клуби дилхоҳашон муроҷиат кунанд.
Аз оғози фаъолияти AS Vahdat- Extension то имрӯз зиёда аз 2000 нафар ҷавонон дар барномаҳои гуногуни рушд ширкат варзиданд. Бархе аз хатмкунандагон дар барномаҳои миллӣ, аз ҷумла Лигаи Миллии Мунозираҳо иштирок намуданд. Айни ҳол, хатмкунандагони American Space Vahdat Extension ба таври ихтиёрӣ ҳамчун омӯзгор фаъолият доранд ва донишҳои худро бо дигарон мубодила мекунанд.
Суроға: кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, Ваҳдат, ITCC
Соатҳои корӣ: аз сешанбе то якшанбе, аз соати 8:00 то 17:00