C5+O.N.E. (Густариши робитаҳо тавассути забони англисӣ)

C5+O.N.E. (Густариши робитаҳо тавассути забони англисӣ)

Барномаи C5+O.N.E. (Opening Networks through English) ташаббуси минтақавӣ оид ба омӯзиши забони англисӣ мебошад, ки аз ҷониби Бюрои масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Департаменти давлатии ИМА молиявӣ шуда, аз тарафи ташкилоти «Шӯроҳои Амрико оид ба таҳсилоти байналмилалӣ» амалӣ мегардад. Барнома мутахассисони марҳилаи аввал ва миёнаи фаъолияти касбиро аз бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҳам меорад.

Даври ҷории барнома ба самти «Забони англисӣ барои иқтисодиёт» нигаронида шуда, маҳорати забони англисии иштирокчиёнро барои муоширати касбӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ тақвият мебахшад. Барнома таваҷҷуҳи асосиро ба суҳбати шифоҳӣ равона карда, ҳамзамон маҳоратҳои гӯшкунӣ, хониш ва навишторро, ки ба уҳдадориҳои касбии иштирокчиён дахл доранд, рушд медиҳад. Бо беҳтар кардани қобилияти муоширати иштирокчиён дар муҳити касбии байналмилалӣ, C5+O.N.E. пайвастагии минтақавиро мустаҳкам намуда, барои ҳамкории мутахассисони ҷавон дар саросари Осиёи Марказӣ ва ҳамкасбони амрикоии онҳо имкониятҳо эҷод мекунад.

Ҳар як иштирокчӣ дар се семестр 180 соат омӯзиши забони англисиро фаро мегирад, ки аз 160 соати машғулиятҳои ҳузурии забони англисӣ ва 20 соати барномаҳои иловагӣ иборат аст. Барномаи таълимӣ ба малакаҳои амалии суханронӣ ва муошират, ки дар муҳити касбӣ татбиқшавандаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Илова ба машғулиятҳои синфӣ, C5+O.N.E. ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки дар семинарҳо, конфронсҳо, чорабиниҳои эҷоди робитаҳои касбӣ (networking) ва мубодилаҳои касбӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ иштирок намоянд. Ин чорабиниҳо ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки бо коршиносон ва ҳамкасбон аз бахшҳои гуногун муошират кунанд, шабакаҳои касбии худро васеъ намоянд, донишу таҷрибаҳои пешқадамро мубодила кунанд ва дар саросари Осиёи Марказӣ робитаҳо эҷод созанд.

C5+O.N.E. дар Тоҷикистон

Аз замони оғози худ, барномаи C5+O.N.E. дар Тоҷикистон 585 иштирокчиро фаро гирифта, дорои 288 хатмкарда аз рӯи панҷ давраи пурра баохиррасида мебошад. Айни замон барнома ду давраи фаъол дорад, ки мутахассисонро аз сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳои технологӣ ва бахши хусусӣ ба ҳам меорад.

Иштирокчиёни ҷорӣ аз ташкилоту муассисаҳои зерин намояндагӣ мекунанд:

  • Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ

  • Алиф Бонк

  • ҶДММ «Аломат» (Your.tj)

  • Авесто Групп

  • Coca-Cola CCI Тоҷикистон

  • Кумитаи рушди сайёҳӣ

  • International Business and Trade (IBT)

  • Вазорати кишоварзӣ

  • Вазорати рушди иқтисод ва савдо

  • Вазорати корҳои хориҷӣ

  • Вазорати молия

  • Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

  • Бонки миллии Тоҷикистон

  • Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

  • Сомон Эйр

  • VASL

  • Zypl.ai

  • 55 Group

  • Агентии алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавассути тарзи муштараки таълими забони англисии касбӣ, робитасозии байнисоҳавӣ ва фаъолияти минтақавӣ, C5+O.N.E. сохтани ҷомеаи афзояндаи мутахассисони англисзабонро дар Тоҷикистон идома дода, робитаҳоеро, ки ба ҳамкории минтақавӣ, ҷалби иқтисодӣ ва имкониятҳои муштарак дар саросари Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, мустаҳкам менамояд.

Дастаи мо