Education USA Tajikistan

Ин шабакаи Департаменти давлатии ИМА буда, дорои зиёда аз 430 маркази таълимӣ барои мактаббачагон дар беш аз 175 давлати дунё мебошад.

Ҳама хизматрасониҳои EducationUSA Тоҷикистон ройгон пешниҳод карда мешаванд.

Маркази машваратии таҳсилотӣ EducationUSA Tajikistan: ш. Душанбе, кучаи Рудаки 127.

Почтаи электронӣ: dushanbe@educationusa.org

Тел: +992 92 7322663

College Prep Club (CPC) Program:

College Prep Club ин як барномаи машваратӣ буда ҳадафаш аз дастгирии мактаббачагони синфҳои 9-10, ки хохиши ба коллеҷ ё донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка дохил шуданро доранд, иборат мебошад. Гурӯҳи мактаббачагон дар давоми 10 мох якҷоя кор карда, якчанд маротиба вохуриҳо доир мекунанд ва дар чорабиниҳои гуногун, аз ҷумлаи: лексияҳо, корҳои ҷамъятӣ, омӯзиши байнифарҳангӣ ва омодагӣ ба имтиҳонҳо TOEFL ва SAT иштирок меварзанд. Ин чорабиниҳо кафолат медиҳанд, ки мактаббачагон ҳам аз ҷиҳати академӣ ва ҳам аз ҷиҳати равонӣ ба коллеҷ ё донишгоҳи Иёлоти Муттаҳида ба таври кофӣ омода карда шаванд ва инчунин дар муайян кардани мактабҳои муносиб мусоидат менамояд. Дархостро барои иштирок дар барномаи CPC моҳои январ-феврал метавонед супоред.

EducationUSA Tajikistan дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Facebook: EducationUSA Tajikistan

Instagram: educationusatajikistan

Telegram: EducationUSA Tajikistan

YouTube: EducationUSA Dushanbe

Twitter: EducationUSA_TJ

 

Тамос бо барнома

dushanbe@educationusa.org

+992 92 7322663