Барномаи FLEX GLobal
Барномаи FLEX GLobal
Барномаи FLEX GLobal чист?
FLEX GLobal пурра аз ҷониби Ҳукумати ИМА молиявӣ шуда, аз тарафи Бюрои масъалаҳои таълим ва фарҳанги (ECA) Департаменти давлатии ИМА идора мешавад. Барнома ба хонандагони фаъоли мактабҳои миёна имкон медиҳад, ки тавассути озмун стипендия ба даст оранд ва як соли таҳсилро дар ИМА гузаронанд. Хонандагон дар оилаҳои амрикоӣ зиндагӣ карда, дар мактаби миёна таҳсил менамоянд ва ба ин восита ба фаҳмиши мутақобила ва дӯстии байни ду кишвар саҳм мегузоранд.
Ташкилкунандаи барнома кист?
Ташкилоти «Шӯроҳои Амрико оид ба таҳсилоти байналмилалӣ» раванди ҷалб, интихоб, машғулиятҳои омодагӣ ва сафари иштирокчиёни барномаи FLEX GLobal-ро ба сомон мерасонад.
Стипендия чиро фаро мегирад?
Стипендияи FLEX GLobal ҳамаи хароҷоти зеринро ба ӯҳда мегирад:
Чиптахои рафтуомад (аз Тоҷикистон ба ИМА ва бозгашт).
Стипендияи моҳона барои хароҷоти шахсӣ ва иштирок дар чорабиниҳо.
Зиндагии яксола дар оилаи меҳмоннавози амрикоӣ (ки аз санҷиш ва интихоби махсус гузаштааст).
Таҳсил дар мактаби миёнаи ИМА.
Тренингҳо ва семинарҳои омодагӣ (пеш аз сафар ва пеш аз бозгашт ба ватан).
Суғуртаи тиббӣ (ба истиснои бемориҳои музмини қаблӣ ва хизматрасонии дандонпизишкӣ).
Шартҳои иштирок дар озмун:
Интихоби иштирокчиён комилан шаффоф ва ройгон буда, танҳо ба донишу малакаи даъвогарон асос меёбад. Шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ низ метавонанд дар озмун иштирок кунанд.
Иштирокчиен бояд ба талаботхои зерин ҷавобгӯ бошанд:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намоянд;
Санаи таваллуди иштирокчиен бояд аз 15 марти соли 2009 то 31 декабри соли 2010 бошад;
Хонандагони синфи 11 муассисахои Точикистон бошанд;
Баҳоҳои таҳсилашон хуб ва аъло бошанд;
Забони англисиро омӯхта бошанд ва сатҳи хуби муоширатро нишон диҳанд;
Ба талаботи гирифтани визаи амрикоии J-1 мувофиқ бошанд;
Шаҳрванди Тоҷикистон бошанд.
Кадом хароҷотро барнома ба ӯҳда намегирад?
Хароҷоти марбут ба гирифтани паспорти хориҷӣ ( загранпаспорт);
Хароҷоти шахсие, ки аз доираи стипендияи моҳона берунанд;
Пардохти бори иловагӣ, сӯҳбатҳои телефони ва интернет.
Раванди интихоб ва санҷиш:
Озмун аз 2 даври онлайнӣ ва даври 3-юми ҳузурӣ иборат аст. Дар даври 3-юм нимфиналистон дар ҷаласаи иттилоотӣ, суҳбат (интервю), тести забони англисӣ ва навиштани эссе иштирок мекунанд. Ҳангоми интихоб танҳо дониши забон не, балки омодагии равонии хонанда ба мубодилаи яксола ба назар гирифта мешавад. Санҷиши тиббӣ ҳатмист. Натиҷаҳо дар баҳор маълум шуда, то миёнаҳои моҳи май ба финалистон хабар дода мешавад. Моҳҳои июн-июл тренингҳои омодагӣ гузаронида шуда, сафар ба ИМА дар моҳҳои август-сентябр сурат мегирад. Барнома аз август то июн давом мекунад ва иштирокчиён бояд пас аз хатм ҳатман ба ватан бозгарданд (мӯҳлати виза дароз карда намешавад).
Ин сафар ба шумо чӣ медиҳад?
FLEX GLobal имкони беназир аст барои омӯхтани фарҳанги ИМА, муаррифии Тоҷикистон дар хориҷа, рушди шахсӣ ва мустақилият. Иштирокчиён бо оилаҳо ва ҷомеаи амрикоӣ робитаҳои пойдор эҷод мекунанд, ки аксар вақт ба дӯстии умрбод табдил меёбанд. Бисёре аз хатмкардагони барнома ба донишгоҳҳои бонуфуз дохил шуда, соҳиби касбҳои беҳтарин мегарданд.
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 127, бинои «Рӯдакӣ Плаза», ошёнаи 6.
Телефон: +992 44 600 44 90; +992 44 600 45 90
Почтаи электронӣ: flexglobal.tj@americancouncils.org
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 22 октябр 2026 аст. Фурсатро аз надиҳед ва имрӯз дархости худро тавассути ин пайванд пешниҳод кунед!
Фарангиси Ҳотам
Ҳамоҳангсози барнома
flexglobal.tj@americancouncils.org